бедил — [بيدل] 1. дилхунук, дилмонда, дилгир: бедил шудан аз касе 2. кит. ошиқи дилбохта, ошиқи беқарор 3. маҷ. тарсончак, буздил, бегурда 4. тахаллуси шоири бузурги форсу тоҷик Мирзо Абдулқодир (1644 1721) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилмондагӣ — [دل ماندگي] шакли дигари сифати феълии замони гузашта аз дил мондан; дилхунукӣ, дилмонда будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пажмурдарӯҳ — [پژمرده روح] шикастарӯҳ, афтодарӯҳ, дилмонда; ноумед … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ